image

Тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бо сокинони маҳаллаҳои Заҳматобод ва Сурхоб

date_range05.01.2023, 09:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye230

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дигар масъулин вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бо сокинони маҳаллаҳои Заҳматобод ва Сурхоб вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни суханронии худ намояндагон изҳор доштанд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб рафта, муҳтавои Паёми имсола он аст, ки нақшаю барномаҳои давлатии роҳандозигардида самари нек ва боварибахш дода, иҷрои онҳо бо кӯшишҳои пайгирона ва ҳамешагии мардуми заҳматпешаамон амалан татбиқ шуда истодаанд.

Паёми навбатии Пешвои миллат инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошад гуфта шуд змни ҷамъомад.

Ҳамчунин изҳори назар карда шуд, ки тавассути Паёми имсола Сарвари давлат саҳифаҳои кору пайкори халқу миллати тоҷикро давоми солҳои охир варақгардон намуда, роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон вобаста ба дигар паҳлӯҳои мавзӯҳои дар Паёми солонаи Сарвари давлат зикргардида, андешаронӣ карданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"