image

Намоиши асарҳои рассоми халқии Тоҷикистон Ҳабибуллоев Зуҳур дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

date_range05.01.2023, 10:24 chat_bubble_outline0 remove_red_eye236

Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» намоиши асарҳои Рассоми Ҳалқии Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев таҳти унвони «Хати ҳаёт» ифтитоҳ гардид.

Дар намоиши асарҳои Рассоми Ҳалқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ ва дигар дӯстдорони санъати рассомӣ иштирок намуданд. Қабл аз оғози намоиш роҳбарияти Осорхонаи миллӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти рассом ва ҳунари нотакрори ӯ изҳори назар карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки рассом Зуҳур Ҳабибуллоев соли 1932 дар ш.Душанбе тавваллуд шудааст. Ҳатмкардаи омӯзишгоҳи рассомии ш.Душанбе ва омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мухини ш.Ленинград мебошад. Зуҳур Ҳабибуллорев мероси пурарзиши санъати тасвирии тоҷикро ба наслҳои оянда бо ҳама зебоӣ, шукӯҳу шаҳомат ва аслияти таърихӣ бо офариниши асарҳои пурмазмуни худ боқи гузоштааст.

Дар намоиш 25 адад мусаввараҳои рассом аз фонди Осорхонаи миллӣ аз қабили «Модар», «Ба чарогоҳи баҳорӣ» «Нидои табиат», Ҷамъовари пахта, Дар заводи арзиз, Натурморт, Дӯстони ман аз Қабодиён ва инчунин офаридаҳои шогирдони рассом Баҳром Исматов «Бо навои Шарқ», «Нони гарми танӯрӣ», Эраҷ Олимов «Хоҳарон» «Нурҳои тиллоӣ», Беҳруз Забиров «Тобистон», «Бозори кӯҳна» ва Рӯзибоев «Бузкашӣ», «Фаровонӣ» ва дигар мусаввараҳо дар мавзӯҳои гуногун пешниҳоди тамошобинон шуданд.

Намоиши асарҳои Рассоми Халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев таҳти унвони «Хати ҳаёт» то таърихи якуми феврали соли равон идома меёбад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"