image

Шарҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба сокинони кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Беҳзод, Помир, Пӯлодӣ ва Маҳмадулло Қурбонов

date_range05.01.2023, 15:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye231

Дар доираи баргузории суҳбат-мулоқотҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи рақами 5-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ бо сокинони кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Беҳзод, Помир, Пӯлодӣ ва Маҳмадулло Қурбонови ноҳия доир гардид.

Зимни вохӯрии навбатӣ, масъулин дар суханронии хеш изҳор доштанд, ки ин мулоқоту вохуриҳо дар асоси фармони раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир карда шуда мақсади он фаҳмонидани муҳтавои нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони сарбаланди шаҳри Душанбе мебошад.

Гуфта шуд, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар чун ҳамешагӣ моҳияти созандагӣ ва барномавӣ дошта, ифодакунандаи рушди устувори кишвар мебошад. Президенти кишвар дар Паёми имсола дар бораи тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимои, иқтисоди, илму фарҳанг ва сиёсати дохиливу хориҷии кишвар муфасал ибрози андеша намуда, вазифаҳои минбаъдаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои як соли оянда мушаххасан баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни чунин вохӯриҳо бо сокинон риояи дурусти фарҳанги шаҳрнишинву шаҳрдорӣ, дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва иҷрои бандҳои амалкунандаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ" фаҳмонида мешавад.

Гуфта шуд, ки сокинони пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе, ки яке аз шаҳрҳои фарҳангию сайёҳӣ дар минтақа ба шумор меравад, бояд бо ҳисси баланди масъулият дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳми босазо гузоранд.

Ҳамзамон бо ин аз ҳозирин даъват карда шуд, ки бо тарбияи дурусти фарзанд ва шароит муҳайё намудан баҳри онҳо ба хотири аз худ намудани донишҳои замонавӣ низ саҳм бигузоранд, то онҳо номбардори кишвари азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ гарданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"