Натиҷагирии самтҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Бо иштироки доираи васеи олимону муҳаққиқон ва коршиносон маҷлиси солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академия дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни ҷаласа доир ба Паёми Президенти кишвар андешарони сурат гирифт иброз гардид, ки “Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат барои кулли сокинони мамлакат ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дар бар мегирад.”
Ҳамчунин дар баромади ҳисоботии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ гуфта шуд, ки фаъолияти АМИТ дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, ҳамчунин тибқи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ ба рушди таҳқиқоти илмимӣ бунёдӣ ва амалӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, иштирок дар амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ ва равнақ додани робитаҳои илмии байналмилалӣ маълумот дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз руи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи соли 2022 аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ қариб 3400 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 200 китобу монография, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 3170 мақолаҳои илмӣ ва иломию оммавӣ, аз онҳо 2830 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 230 мақолаи илмӣ дар мачаллаҳои кишварҳои ИДМ ва қариб 110 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ