Анҷумани XV Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур
5-уми январи соли 2023, дар толори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридлдин Айнӣ Анҷумани XV Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар Конференсия намояндагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олӣ ва касбии ҳудуди ноҳия, муассисаҳои тандурустӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар баргузории Конференсия ҳисоботи раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва пешбарӣ намудани вакилон барои иштирок дар Конференсияи Анҷумани XV Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муҳокима гардид.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ намуд. Бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки дар марҳилаи муосири рушди давлатдории миллиамон сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон яке аз самтҳои асосӣ муайян гардидааст. Аз ин рӯ ҷавононро зарур аст, ки дар баробари эътимоду боварии давлату Ҳукумат масъулияти бузурги ватандориву ватансозиро дар рӯҳу ҷони худ эҳсос карда, талош намоянд, ки бо кору амали созанда созовори бовариву эътимод бошанд.
Дар идомаи ҷаласа аъзоёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баромад намуда, таъкид доштанд, ки дар даврони 31 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳаёт ва рӯзгори ҷавонон дар баробари ба даст овардани ваҳдати комил, амнияти саросарӣ, пешрафтҳои иқтисодӣ ва ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ пайваст, вале ҳар қадам, давра ба давра дар ҳалли ҳар як мушкилот Пешвои муаззами миллат, ҳамроҳи ҷавонон буданду дар лаҳзаҳои мушкил падарвор дастгирӣ намуда ин қишри созандаро ба ҳаёти зебову ояндаи неки дурахшон роҳнамоӣ намуданд. Имрӯз аъзоёни фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ дар навбати худ бо рисолати бардӯштоштаашон дар баргузории ҳама чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ саҳми назаррас гузоштанд.
Дар анҷом мутобиқи Оинномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзадии 25 нафар аъзои фаъоли ИҶТ аз ноҳияи Шоҳмансур барои иштирок дар баргузории Анҷумани XV Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пешниҳод гардид.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ