Шарҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Гулбутта
Бо мақсади шарҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ ташкил шудааст, ки ҳоло фаъолияти худро дар маҳал бо интихобкунандагон ба роҳ мондаанд. Мулоқоти навбатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар толори МТМУ №124 бо сокинони маҳаллаи Гулбутта ташкил шуд.
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ оид ба расонидани мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Гулбутта 1 ва Гулбутта 2-и ноҳия бо сокинони касбу кори гуногун аз ҷумла ҷавонон, занон, омузгорон, собиқадорони меҳнат баргузор гардид.
Зимни баромади худ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми қонунбарори мамлакат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуда, нуқтаҳои асосии Паёмро соҳа ба соҳа ба ҳозирин шарҳ доданд. Бо ишра ба Паём қайд шуд, ки "Нақши Паём дар раванди ободкориву созандагӣ ва баҳри расидан ба ҳадафҳои неку созандаи Ҳукумат ва давлат саҳми арзанда дорад".
Таъкид шуд, ки ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон аз ҷониби баромадкунандагон зикр шуд, ки дар Паёми имсола таваҷҷӯҳ ба соҳаи маориф бештар буда, ҷавҳари сиёсати роҳбари давлатро рушди маориф ташкил медиҳад. Тараққиёти кишвар аз устувории пояи маориф вобастагӣ дошта, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва содиқ ба Ватан ва қавӣ намудани нерӯи мудофиавии мамлакат мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зимни пешниҳоди нуктаҳои Паём ва шарҳи моҳияти он зикр шуд, ки "дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд".
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ