image

Ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид

date_range06.01.2023, 14:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye226

Дар толори маҷлисгоҳи Кохи иттифоқҳои касаба ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯрои генералӣ, шарикони иҷтимоӣ ва намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои корфармоён ва ҳамчунин кормандони масъули дастгоҳи марказии Федератсия иштирок намуданд.

Дар ҷаласа муҳтавои "Дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро бештар ба татбиқи нуқтаҳои муҳими Паёми Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.