image

Мулоқот бо ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

date_range07.01.2023, 14:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye260

Дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати устодону профессорон ва устодони донишгоҳ доир карда шуд.

Зимни ҷамъомад ҳозирин сухан карда аз дастовардҳои замони соҳибихтиёрии кишвар дар самтҳои мухталифи ҷомеа ёдовар гардида иброз намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ осон ба даст наомадааст ва он ҳамчун кохи ормони беш аз ҳазорсолаи ниёгон аз обу гили эҳсоси хештаншинос, худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ бунёд шуд. Пас аз тулӯи хуршед осмони иқболи сокинони кишвар соф ва олами орзуву умеди тоҷикону тоҷикистониён саршор аз зиёву нур гардид.

Иштирокдорон перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, иброз дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти дохилӣ ва хориҷии кишварамон буд. Сарвари давлат се самти муҳим-сиёсат, иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоии кишварамонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Пешвои миллат бо ифтихору қаноатмандӣ аз заҳмату талошҳои содиқонаву ватандӯстонаи мардум ҷиҳати нигоҳдории истиқлолу озодии Тоҷикистон ба хотири пешрафту шукуфоии Ватан дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфтанд.

Бояд гуфт, ки Пешвои миллат ҳеҷ гоҳ заҳмату ҷоннисориҳои мардуми шарафманди тоҷикро, хусусан, он нафаронеро, ки дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ саҳми бузург доранд, фаромӯш намесозанд ва пайваста ёдовар мешаванд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"