Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино
Дар толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки коршиносон ва доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23-декабри соли 2022 вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрии вобаста ба Паёми Президенти кишвар чанде аз бандҳои Паёми шарҳу тавзеҳ дода шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23-декабри соли 2022 самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.
Таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бори дигар ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла, иброз доштанд, ки агар то соли 1991, яъне, дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд карда шуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад. Бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯйи таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд. Бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии чи давлатӣ ва чи хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба рушди саноати дорусозӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, қайд карданд, ки новобаста ба пешравиҳои соҳа, ҳанӯз ҳам имкониятҳои мавҷудаи истифоданашуда дар ин самт ҷой доранд. Аз ин рӯ, масъулинро мебояд, ки дар ин самт чораҳои иловагӣ андешанд.
Дар вохӯрӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби меҳмонону устодон банд ба банд ба иштирокдорон фаҳмонда шуд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ