Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси «Сарварони сиёсӣ» оғоз гардид
Ҷавонон дар Тоҷикистон қувваи созанда ва пешбаранда эътироф гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа, фаъолгардонии мақомашон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа тадбирҳои муҳимро амалӣ менамоянд. Дар ҳамин замина дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси «Сарварони сиёсӣ» бо баргузории як чорабинии хоса оғоз гардид, ки ба он донишҷӯёни фаъоли ин муассисаи таҳсилоти олии кишвар ҷалб карда шудаанд.
Дар чорабинӣ, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, роҳбарият ва устодону донишҷуёни ДМТ иштирок доштанд. Гуфта шуд, ки дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳо ва муқовимат ба даъвату тазодҳои ҷаҳони муосир бештар ба назар мерасад, насли ҷавон ягона василаи устувор ва сарватест, ки метавонад дар раванди инкишофи худ ба муваффақият ноил гардад.
Тавре иттилоъ дода шуд, ташкил ва баргузории курси «Сарварони сиёсӣ», бо ҷалби донишҷӯёни фаъоли факултаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, иштироки ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, муттаҳидии донишҷӯёни фаъол ва таҳсилоти муносиб барои онҳо, дастгирии ташаббуси донишҷӯёни фаъол, мусоидат ба рушди ҳаракати илмиву сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷавонон, рафъи мушкилоти онҳо дар раванди таҳсил ва мутобиқшавию рушду такомули онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Таъкид гардид, ки дар доираи курси мазкур барои иштирокчиён роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ оид ба мактаби давлатдории Сарвари давлати тоҷикон дарс гуфта, донишҷӯёнро бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва арҷу эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти Ватан бештар ошно месозанд. Тарбияи донишҷӯён дар руҳияи худшиносӣ, дарки баланди масъулиятшиносӣ, таҳаммулгароию инсондӯстӣ, аз худ кардани касбу илмомӯзӣ аз ҳадафҳои дигар курси «Сарварони сиёсӣ» мебошад. Таъмини иштироки фаъолонаи насли ҷавон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба таври мунтазам ҷалб намудани доираи васеи донишҷӯён дар вохӯриҳо бо чеҳраҳои сиёсии кишвар, мутахассисон ва таҳлилгарони масоили сиёсӣ, амалисозии мехнанизми муосири муқовимат ба хурофотпарастӣ, тундгароӣ, терроризму экстремизм дар байни ҷавонон аз масоили умдаи зери таваҷҷуҳи роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар ин самт тадбирҳои муҳим амалӣ мегардад.
Курси «Сарварони сиёсӣ» иқдоми дигари роҳбарияти ин муассисаи таҳсилоти олии кишвар дар самти баланд бардоштари зиракии сиёсии донишҷӯён ва огоҳии бештар пайдо намудан аз таҳаввулоти имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар интиҳо барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд аз ҷониби Роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба роҳбарият ва фаъолони ДМТ сипоснома тақдим карда шуд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ