Равишҳои муосири такмили таълим ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ
Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсей-интернати Президентии барои кӯдакони болаёқати Чумҳурии Тоҷикистон семинари омузишӣ дар мавзӯи «Равишҳои муосири такмили таълим ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар ҳошияи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2025» баргузор гардид.
Солҳои охир бунёду навсозии муассисаҳои таълимии дорои шароити муосир ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шуда, бо роҳандозӣ намудани ин тадбир ҷавонону наврасони мамлакат ҳарчи беҳтару хубтар ба таҳсили босифат ҷалб гардида, ҳамчун насли соҳибмаърифат тарбия ва ба камол хоҳанд расид. Бо таваҷҷуҳ ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Дар ин замина ҳоло дар таълимгоҳҳои шаҳри Душанбе бо фароҳамсозии шароити зарурӣ ба омӯзиши имлҳои дақиқ, аз ҷумла химияву физика ва риёзӣ аҳамияти хоса дода мешавад.
Гуфта мешавад, ки ин бистсола ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас равона гардидааст. Бо мақсади омӯзонидани таҷрибаи пешқадам бо ҷалби олимони варзидаи соҳа ва омӯзгорони соҳибтаҷриба дар мавзӯи «Равишҳои муосири такмили таълим ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳошияи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2025» дар литсей-интернати Пезидентӣ барои кӯдакони болаёқати ҶТ машварати омӯзишӣ баргузор гардид. бо масъулин бо такя ба суханони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар робита ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бояд «назорати аз худкунии донишҳои замонавӣ пурзӯр гардида, наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ҷалб гарданд.
Иштирокчиён дар мавзуҳои «Роҳҳои бедор намудани завқ ва ҷалб намудани хонандагон ба омӯзиши фанҳои химия», «Нақши амалигардонии усулҳои фаъоли таълим дар ташаккули тафаккури техникии хонандагон зимни таълими фанни математика», «Истифодаи роҳу усулҳои муосири таълим ва самаранокии онҳо дар ташаккули тафаккури математикаи хонандагон», «Равишҳои муосири таълим ва самараи он» ва «Истифодаи технологияҳои муосири таълим» баромад намуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ