image

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои кор бо занони ноҳияи Сино баргузор шуд

date_range09.01.2023, 15:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye281

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино ҷаласаи ҷамъбасти Шӯрои кор бо занони ноҳияи Сино доир карда шуд, ки дар кори он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, раисони шӯроҳои кор бо занони шаҳраку маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти оливу касбӣ ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.

Зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ иттилоъ дода шуд, ки шумораи аҳолии ноҳияи Сино 485 ҳазору 176 нафарр ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 238 ҳазору 222 нафар, яъне 49,1 фисадро занон ташкил медиҳанд.

Қайд шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии занон, тафаккуру андешаи наҷибу асолати оиладорӣ ва ҳифзи муқаддастоти оилавӣ миёни занону духатрон машғулиятҳои омӯзишӣ дар мавзуи ҳои «Зан пешбарандаи иқтисодиёти кишвар», «Тавоноӣ ва дорои зан», «Мақоми зан дар ҷомеа», «Зан ва сиёсат» «Оила ва ҷамъият» ва дигар мавзуҳо доир гардиданд. Вобаста ба ташкил ва баргузории вохӯриҳои сайёр оид ба сабабҳои аз таҳсил дур мондани духтарон, пешбурди корҳои тарбяивӣ дар байни ҷавонон ва занон дар самти таблиғи арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» бо ҷалби ходимони дин, занони фаъолу собиқадор, равоншиносон, ҳуқуқшиносон, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир намуда, дар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия дар маҷмӯъ 17 мулоқот бо фарогирии 3000 нафар ҷавондухтарон ва навраосн гузаронида шуд.

Ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи маърифативу зеҳнӣ, ташвиқу тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии ру овардан ба фарҳанги бегона чорабиниҳои гуногун аз қабили озмунҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Оилаи беҳтарини ҳунарманд», «Беҳтарин раиси шурои кор бо занон», Аксияҳои «Тоҷикона мепушем» ва дар умум 12 чорабинӣ гузаронида шуд, ки дар он бонувон ва духтарони ноҳия фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои хотиромн гардидаанд. Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар баробари корҳои рӯзмараашон ва инчунин дар таблиғи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, таъмини иштироки васеъи онҳо дар ҳалли масъалалҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ. Ҷалби онҳо ба корҳои идоракунии давлатӣ, ҷамъиятӣ як қатор корҳоро ба анҷом раоснида дар оянда низ баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон саҳми арзандаи худро мегузорда.

Дар интиҳои ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои кор бо занони ноҳияи Сино ба якчанд нафар аз раисони шуроҳои кор бо занони шаҳраку маҳаллаҳо ва дигар муассисаҳо баҳри фаъолияти густурда дар соли 2022 сипоснмоа ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"