image

Вохӯрии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи нақлиёт

date_range10.01.2023, 08:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye224

Дар доираи нақшаи мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти мамлакат аз 23-декабри соли 2022 вохӯрии масъулин бо кормандони соҳаи нақлиёти пойтахт баргузор гардид.

Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтӣ, босифат ва самаранокии вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон - 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардиданд, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи нақлиёт ва роҳбарони ҷамъиятҳои мусофиркашони шаҳри Душанбе мулоқот доир намуданд.

Зимни суханронии хеш ҳозирин қайд намуданд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатияшон зикр карданд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 киллометр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"