Вохӯрӣ бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Сино ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат
Дар толори МИҲД-и ноҳияи Сино мулоқоти масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия доир карда шуд.
Зимни ҷамъомад ҳозирин сухан карда аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар дар самтҳои мухталифи ҷомеа ёдовар гардида иброз намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ осон ба даст наомадааст ва он ҳамчун кохи ормони беш аз ҳазорсолаи ниёгон аз обу гили эҳсоси хештаншинос, худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ бунёд шуд.
Иштирокдорон перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, иброз доштанд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти дохилӣ ва хориҷии кишварамон аст.
Гуфта шуд, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар чун ҳамешагӣ моҳияти созандагӣ ва барномавӣ дошта, ифодакунандаи рушди устувори кишвар мебошад. Президенти кишвар дар Паёми имсола дар бораи тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимои, иқтисоди, илму фарҳанг ва сиёсати дохиливу хориҷии кишвар муфасал ибрози андеша намуда, вазифаҳои минбаъдаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои як соли оянда мушаххасан барраси намуданд.
Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ