image

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Озмун барои дарёфти Стипендияи раиси ноҳия оғоз шуд

date_range10.01.2023, 15:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye302

Бо мақсади ҳавасмангардонии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе давоми чанд сол аст, ки стипендияи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст ва ҳамасола хонандагони болаёқат бо нишон додани донишу малака онро соҳиб мегарданд. Дар соли таҳсили 2022-2023 низ стипендия амал мекунад ва айни замон дар ноҳия Озмун барои дарёфти Стипендияи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ шуруъ гардид.

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия, роҳбарияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, падару модарон ва хонандагони болаёқати ноҳия Озмун барои дарфёти Стипендияи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ оғоз гардид. Зимни баргузории ҷамъомад масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳор доштанд, ки ҳамасола дар партави дастуру супоришҳои Перзиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар баробари баргузории озмунҳои Стипендияи президентӣ ва Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, ичунин стипендияи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ доир карда мешавад, ки ҳадафи он баланд бардоштани савияи дониши хонанадгони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳавасманд намудани онҳо баҳри аз худ кардани донишҳои замонавӣ дониста мешавад.

Айни замон миёни 235 нафар хонандагони 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия озмуни Стипендияи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузаронида шуд, ки аз ин шумора 60 нафар сазовори стипедияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегарданд. Тавре, ки масъулин қайд намуданд, ҳамаи ин тадбирҳо аз ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат нисбат ба хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар далолат намуда, баҳри хонандагони болаёқат ва фаъол як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки соли таҳсили 2022-2023 баҳри хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби раиси ноҳия 60 адад стипендия ҷудо гардидааст. Соли гузашта, бошад ин шумора 50 ададро ташкил медод. Маврид ба зикр аст, ки пас аз ғолибият ба тамоми гирандагони стипендия дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ идрорпулӣ тақдим мегардад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"