Шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти кишвар ба маҷлиси Олии мамлакат аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Ҳамасола ироа гаштани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳим буда, дар баробари таҳлилу натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳо, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас баҳри расидан ба дастовардҳои боз ҳам бештар гузошта мешавад.
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар ҳайати муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Сардори Сарраёсати маорифи ш.Душанбе ва намояндагони дигар сохторҳои шаҳрӣ, бо роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тандурустии пойтахт мулоқот доир намуданд.
Дар рафти мулоқот бо ишора ба дастуру вазифаҳои аз ҷониби Президенти мамлакат дар назди масъулин гузошташуда, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ таъкид доштанд, ки бояд ҳар як шаҳрванди мамлакат баҳри дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои ба миёнгузошташуда аснои ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат, талош ба харҷ диҳад.
Қобили зикр аст, ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлили вазъи дигар соҳаҳо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳивзи иҷтимоии аҳолии ҳам таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карданд. Сарвари давлат аз ҷумла таъкид доштанд, ки “бо дарназардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлолият маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ