Шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат аз ҷониби намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи энергетика ва саноат дар ноҳияи Шоҳмансур
Ин навбат мулоқоти судманду барои сокинони касбу кори гуногуни пойтахт зарури дар толори мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур доир гардид. Дар кори ҷамъомади навбати масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, намояндаҳо аз сохторҳои гуногуни ноҳия иштирок ва суханрони намуданд.
Иштирокдорон зимни суҳбат перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, иброз доштанд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти дохилӣ ва хориҷии кишварамон буд. Тавре зимни ироаи Паёми навбатии Президенти кишвар гуфта шуд, “ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолгардидаи кишвар зарур аст, ки корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ чораҷӯӣ намоянд.
Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад. Аз ҷумла имсол таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.
Дар идома директори Муассисаи давлатии “Телевизони Душанбе” ба сухан баромада аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар дар самтҳои мухталифи ҷомеа ёдовар гардида иброз намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ осон ба даст наомадааст ва он ҳамчун кохи ормони беш аз ҳазорсолаи ниёгон аз обу гили эҳсоси хештаншинос, худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ бунёд шуд. Пас аз тулӯи хуршед осмони иқболи сокинони кишвар соф ва олами орзуву умеди тоҷикону тоҷикистониён саршор аз зиёву нур гардид.
Дар идома қайд гардид, ки Сарвари давлат се самти муҳим-сиёсат, иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоии кишварамонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Президенти кишвар бо ифтихору қаноатмандӣ аз заҳмату талошҳои содиқонаву ватандӯстонаи мардум ҷиҳати нигоҳдории истиқлолу озодии Тоҷикистон ба хотири пешрафту шукуфоии Ватан дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфтанд.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат ҳеҷ гоҳ заҳмату ҷоннисориҳои мардуми шарафманди тоҷикро, хусусан, он нафаронеро, ки дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ саҳми бузург доранд, фаромӯш намесозанд ва пайваста ёдовар мешаванд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ