image

Вазъи обу ҳаво ва фаъолияти Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт

date_range11.01.2023, 09:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye279

Шуруъ аз 10-уми январ ҳарорати ҳаво дар мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе тағийр ёфта, пастшавии ҳарорат дар пойтахт то 8 дараҷа поён рафт. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ медиҳанд, ки чунин вазъи ҳаво тули даҳаи дуюми моҳи январ идома хоҳад кард.

Бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат дар шаҳри Душанбе рӯзи 10-уми январ ҳаво абрнок гардида, бориши борон бо гузариш ба барф бошиддат ба қайд гирифта шуд. Дар ин рӯз шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 9-14 метр дар як сония вазид. Дар асоси иттилоъ рӯзи 11-уми январ ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук, рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад. Дар ин замина омодагӣ ба мавсими зимистон дар муассисаҳои коммуналии шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст ва бо ба қайд гирифани бориши барф кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ кӯчаҳои марказиро аз барф тоза намуданд. Бояд гуфт, ки бо равона гардидани маблағҳои буҷетӣ ва дастуру супоришҳои шаҳрдорӣ дар анбори корхонаҳои марбута қуму намаки техникӣ, сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёти коммуналӣ захира гардидааст.

Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт низ дар баробари дигар корхонаҳои коммуналӣ рӯзи 10-уми январ бо мушоҳида намудани бориши барф тамоми техинкаву таҷҳизоти коммуналии худро ба роҳӯ кучаҳои ноҳия бароварда, роҳҳои мошингарду пиёдагардон ва шоху навдаҳои дарахатонро аз барф тоза карданд. Маврид ба зикр аст, ки истифодаи техникаи комуналӣ дар фасли сармо барои сари вақт тоза кардани роҳҳо аз барф мусоидат мекунад. Зеро аксари рӯзҳои фасли зимистон сербориш буда, роҳҳои шаҳр ниёз ба барфрӯбӣ доранд.

Санаи 10-уми январ вазъи обу ҳаво дар кишвар аз ҷумла шаҳри Душанбе якбора тағйир ёфта, боришоти барф ба қайд гирифта шу два дар асоси иттилоъи Маркази обуҳавосанҷии мамлакат чунин вазъи ҳаво чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард. Тавре, ки гуфта шуд, кормандони раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар чунин вазъи обу ҳаво шабонарӯзӣ ба хотири ҳаркати бе мушкилии воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон роҳҳои мошинград ва дигар кучаву ҷодаҳоро аз барф тоза менамоянд. Ҳамзамон бо ин дар мавсими имсолаи тирамоҳу зимистон аз ҳисоби кормандони раёсати навтбадории шабонарӯзӣ низ таъсис дода шудааст ва корҳо баҳри бе мушкилӣ сипарӣ намудани давраи зимистони имсола идома дорад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"