image

Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

date_range11.01.2023, 17:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye208

Дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Дар кори он роҳбарияту кормандон ва аъзоёни Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, нахуст роҳбарияти Кумита сухан карда, қайд намуданд, ки баргузории Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар даврае рост омадааст, ки мардуми шарафи Тоҷикистон зери таасуроти неки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор доранд.

Таъкид шуд, ки бешак Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат барои миллати тоҷик ва кормандони касбу кори гуногун дастури рӯимизӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун санади муайянкунандаи рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ба ҳисоб меравад.

Қиёмиддини Ҳомид

"ТВ Душанбе"