image

Маҷлиси васеи Раёсат ва фаъолони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе

date_range12.01.2023, 16:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye221

Вобаста ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 Маҷлиси васеи Раёсат ва фаъолони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ш.Душанбе баргузор гардид.

Дар маҷлиси раёсат ва фаъолони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ш.Душанбе бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки 23 декабри соли 2022 Паёми таърихии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод гардид, ки он Барномаи амалии тамоми самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маишӣ-мадании ҳаёти мардуми ҷумҳуриро инъикос менамояд. Хусусан ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии тамоми гуруҳҳои ниёзманди аҳолӣ диққати ҳамаҷониба дода шудааст. Президенти мамлакат барои ба собиқадорони ҷангу меҳнат ҳарчи бештар зоҳир намудани ғамхорию дастгирии мушаххас ба сохторҳои марбута, супоришҳои қатъӣ доданд.

Раёсати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ш.Душанбе диққати ташкилотҳои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияҳои шаҳрро ба он ҷалб менамояд, ки дар омӯзиш, таблиғу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти мамлакат баёнгардида, фаъолона иштирок намоянд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"