image

Вохӯрии навбатии намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи сохтмон ва роҳ

date_range12.01.2023, 19:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye270

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23 декабри соли 2022 доир гардида буд, гуруҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ин навбат бо кормандони соҳаи сохтмон ва роҳ вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар вохӯрии навбатии гуруҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муовин якуми Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаву муассисаҳои соҳаи сохтмону роҳ ва кормандони Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ аъзоёни гуруҳи таблиғотӣ изҳор доштанд, ки Сарвараи давлат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки ҳоло, ки корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони биноҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти иҷтимоӣ торафт вусъат гирифта истодаанд, талабот ба масолеҳи сохтмон, аз ҷумла сангҳои ороишӣ зиёд гардида, як қисми онҳо то ҳанӯз аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар Паём Сарвараи давлат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноати коркард, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе аз оғози соли 2023 марҳила ба марҳила сохта, ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани металлҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дар идомаи мулоқот зикр шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.

Масъулин баён доштанд, ки зимни Паёми сарвари давлат таъкид шуд, ки ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"