image

Ҷамъомад оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

date_range12.01.2023, 19:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye240

Дар шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва аъзоёни фаъоли ҳизб ҷамъомад доир гардид.

Зимни ҷамъомад ҳозирин сухан карда зикр намуданд, ки соли 2022 бо рӯйдодҳои фарахбахшу таърихӣ барои кишвари азизамон соли амалисозии ташаббусҳои нави созандагию бунёдкорӣ ба шумор меравад.

Зеро дар ин сол ҷашни бузурги миллиамон 31 солагии Истиқлоли давлатии ҶТ ва 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ дар фазои сулҳу субот ва осудаги таҷлил гардида, ба роҳ мондани ҷабҳаи бузурги корҳои созандагию бунёдкорӣ дар қаламрави мамлакат кишвари моро ба марҳилаи сифати навӣ рушд ворид намуд, ки дар саҳифаи давлатдории навинамон бо хатҳои заррин сабт хоҳад гашт.

Гуфта шуд, ки дар ин сол Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалаӣ Раҳмон, қарорҳои Анҷумани 13 ва 14-уми ҳизб, Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Кумитаи иҷрои ҳизб дар шаҳри Душанбе ва нақшаи корӣ ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои оиннома ва Барномаи ҳизб дар давраи ҳисоботӣ як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва ободонии ноҳия саҳми бориз гузошт.

Қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мардуми Тоҷикистон нақши муосир дошта, дар ташакулли фарханги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии миллат нақши сазовор мегузорад ва аз рӯзи таъсисёбии худ дар тадбиқи ҳадафҳои созанда якҷо бо ҷонибдорони худ ба дастовардҳо ноил гардидааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки мақсад ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пешрафта мебошад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"