image

Дар «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони ш.Душанбе» оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат вохӯри доир шуд

date_range12.01.2023, 22:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye199

Дар «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони ш.Душанбе» вохӯрии намояндагони сохторҳои гуногун оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар доир гардид.

Дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо ин мақсад дар шаҳри Душанбе барои расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ва ба парасторӣ фаро гирифтани шахсони маъюб ва танҳо МД «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони ш.Душанбе» фаъолият менамояд.

Дар доираи ҳамаи иду ҷашнҳо ва санаҳои муҳими таърихӣ дар ин Марказ чорабиниҳои гуногун пайваста доир карда мешавад. Ин навбат чорабинӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар бо иштироки намояндагони ҲХДТ дар ш.Душанбе, Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони меҳнати пойтахт, ва бошандагони Марказ доир гардид.

Зимни баромади намояндаи ҲХДТ дар ш.Душанбе қайд гардид, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа–ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Дар Паёми Президенти кишвар пешниҳод шуд ки аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.

Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки аз 1-умии юли соли2023 андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад.

Саодат Тоҳирӣ
"ТВ Душанбе"