image

Гузаронидани корҳои биотехникӣ аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе

date_range13.01.2023, 21:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye211

Бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандагон аз сардиҳои фасли зимистон аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар минтақаҳои гуногуни Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» корҳои биотехникӣ гузаронида шуда, дар ҷараёни он аз ҷониби масъулин хӯроки дурушти чорво ва гандум пошида шуд.

Дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдорории ҷангал»-и мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Душанбе асосан паррандагони нодир, ба монанди кабк, мурғи ҳилол ва дигар паррандагони ваҳшӣ сукунат менамоянд.

Гузаронидани корҳои биотехникӣ барои аз сардии фасли сармо эмин нигоҳ доштани олами ҳайвонот ва паррандагон мусоидат менамояд.

Тавре аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, корҳои биотехникӣ бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ, беталаф баровардани онҳо аз фасли зимистон ва беҳтар намудани вазъи экологии минтақа аз ҷониби кормандони сарраёсат дар якҷоягӣ бо кормандони боғ гузаронида шуданд.

Чорабиниҳои биотехникӣ ин тадбирҳои таъсиррасонии бевосита ба ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳо бо мақсади нигоҳ доштан, танзими саршумор ва таркиби намуди ҳайвоноти шикорӣ дар шароити табиӣ ва сермаҳсул кардани шикоргоҳҳо мебошад.

Ҳамасола бо мақсади эмин ва беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандагон дар фасли зимистон аз ҷониби масъулин чорабиниҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд, ки дар он барои ҳайвоноту паррандагон аз қабили хошок, рези гандум, ҷав, шолӣ ва дигар намуди хӯроки чорво дар ҷойҳои сукунати онҳо гузошта мешавад.

Иқдоми мазкур бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандагони саҳроӣ аз фасли зимистон роҳандозӣ карда шудааст.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"