image

Мулоқоти роҳбарияти МИҲД шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи савдо, иқтисод ва андози пойтахт

date_range13.01.2023, 22:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye227

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Сино бо мақсади мусоидат дар рушди ҷомеа, вусъати корҳои созандагӣ ва фароҳам намудани шароит ҷиҳати саҳмгузории кормандони касбу кори гуногун ва сокинони ш.Душанбе дар амалӣ гардидани ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуданд ин навбат мулоқоти роҳбарияти Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ш.Душанбе бо кормандони соҳаи савдо, иқтисод ва андози пойтахт доир гардид.

Зимни баромади хеш муовини раиси ш.Душанбе бо ишора ба Паём иброз доштанд, ки соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Дар панҷ соли охир сатҳи неку аҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пули аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.