image

Ҳашари умумӣ

date_range14.01.2023, 13:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye319

Дар доираи иҷрои супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузории шанбегии умумишаҳрӣ имрӯз (14.01.2023) аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” ба ҳашари умумӣ баромаданд.

Дар натиҷаи меҳнати дастаҷамъона саҳни ҳавлии коргоҳ ва гирду атрофи он аз барфу яхпораҳо тоза карда шуд. Дар баробари ин кормандон барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити корӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки чунин ҳашарҳои умумӣ дар Муассиса пайваста гузаронида мешаванд.