image

ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ МАРОСИМИ ХАТМИ МАГИСТРАНТОНИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

date_range14.01.2023, 13:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye393

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони зинаи магистратураи хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид.

Дар маросими тақдими дипломҳои хатмкунандагони зинаи магистратураи хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ роҳбарияти Академияи идоракунӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону кормандон ва хатмкунандагон иштирок доштанд.

Гуфта шуд, ки: “Ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Имрӯз қисми зиёди хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба садоқати насли ҷавон ва қудрату тавоноии ин қишри ҷомеа боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд”.

Сипас, дар фазои тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Академия ва меҳмонон ба 59 нафар хатмкунандагон дипломҳо супорида шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, магистратураи хизматчиёни давлатӣ соли 2009 дар доираи Созишномаи дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон аз рӯи ихтисоси идоракунии давлатӣ барои дастгирии хизматчиёни давлатӣ таъсис дода шудааст, ки дар он маҳз хизматчиёни давлатӣ аз тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомотҳои маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"