Роҳу хиёбонҳо ва мавзеҳои сераҳолии шаҳри Душанбе аз барф тоза карда шуданд
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати саривақт бартараф намудани роҳҳои мошингарду пиёдагард аз барф масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт роҳу ҷодаҳоро аз барф тоза карданд.
Боришоти зиёди барф дар шабонарӯзи охир дар ҳудуди пойтахт боиси сар задани мушкилоти зиёд миёни аҳолӣ гардид. Бо ин мақсад кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ ва дигар кормандони касбу кори гуногун дар хиёбони Рӯдакӣ ба ҳам омада, роҳи асосии хиёбонро аз барф тоза намуданд.
Бояд қайд кард, ки бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ кормандони касбу кори гуногун ба роҳу кучаҳои ҳудуди ноҳия сафарбар гардида, хиёбонҳоро аз барф тоза намуданд.
Дар ин рӯз зиёда аз 500 нафар кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ин тадбири тамизкорӣ иштироки фаъолона намуданд. Дар ин замина кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия дар тоза намудани роҳу пиёдароҳҳо аз барф саҳми худро гузоштанд.
Дар айни замон барои тоза кардани роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ 36 адад техникаҳо сафарбар гардидаанд.
Ҳамзамон барои тоза кардани роҳу хиёбонҳо ва мавзеъҳои сераҳолии шаҳри Душанбе аз барф наздики 1000 нафар кормандони коммуналии ноҳия низ фаъолият доранд, ки барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо бо роҳи тозакунӣ ва пошидани маводи зидди лағжиш (қум ва намак) сафарбар шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муроҷиатномаи худ аз сокинону меҳмонони пойтахт хоҳиш намуда буданд, ки дар рӯзҳои сарди зимистон, яъне аз 10 то 14 январи соли равон аз гаштугузори бемаврид худдорӣ карда, нақлиёти шахсии худро истифода набаранд. Дар муроҷиатнома ҳамзамон зикр шуда буд, ки сокинон метавонанд аз нақлиёти мусофиркашии ҷамъиятӣ самаранок истифода намуда, инчунин дар истифодаи дастгоҳ ва таҷҳизоти барқӣ эҳтиёткор бошанд.
Ҷойи таъкид аст, ки дар шаҳри Душанбе санаи 15-уми январ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17-19 дараҷа хунук, рӯзона 7-9 дараҷа хунук мешавад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ