Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари байналмилалӣ доир гардид
Таҳти унвони “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва масоили мубрами ҳуқуқи оммавӣ” дар доираи ҳамкориҳои муштараки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатӣ мизи мудаввари байналмилалӣ доир гардид.
Дар мизи мудаввар вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки бо ташаббуси Академияи идракунии давлатии назди Президенти ҶТ доир гардид, олимону муҳаққиқони Академияи идоракунии давлатӣ ва донишгоҳҳои хориҷи кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал оид ба танзими ҳуқуқии масоли молиявӣ дар партави Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафт. Ҳамчунин олимону муҳаққиқони дохилию хориҷи дар мавзӯъҳои “Интегратсияи зеҳнии сунъи ба методологияи ҳуқуқи: арзёбии қонунгузории маъмурӣ ва мурофиаи судӣ, бо истифода аз усулҳои омӯзиши мошинсозӣ ва таҳлили зеҳнӣ”, “Марҳилаи нави ислоҳоти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон”, “Муаммоҳои актуалӣ ҳуқуқи маъмурӣ дар замони муосири Тоҷикистон”, “Асъорҳои минтақавӣ: табиати ҳуқуқӣ, таърих, рушди муосир”, “Нақши Паёми Президенти ҶТ дар ташаккули қонунгузории ҷумҳурӣ дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ” баромад намуданд.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи сиёсати ягонаи давлатии молиявию андозӣ ва буҷетро ба роҳ монда истодааст. Имсол низ ин масъала, зимни ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардид.
Дар ин росто, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ қайд намуданд, ки: “Барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андоз идома доранд”.
Қобили зикр аст, ки соли 2022 бо дарназардошти оне, ки барои сокинони баъзе кишварҳои ҷаҳон давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи ба ҳисоб мерафт, барои сокинони Тоҷикистони азизи мо, соли бобарор арзёби гардид.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ