Баррасии нуқтаҳои муҳими Паём аз ҷониби ҳизбиёни ноҳияи Сино
Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муайянкунандаи стратегияи миллии давлат буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, нақшаҳои рушди устувори минбаъда, вазифаю мақсад ва марому роҳҳои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташуда мушаххас ва муайян карда мешаванд.
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳои нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат ҷамъомад доир гардид. Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ дар ҳоле ироа гардид, ки мардуми шарифи ҷумҳурӣ 30-солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро бо шукӯҳ ва дастовардҳои назаррас дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мамлакат ҷамъбаст намуданд. Ин нуқта қайд гардид зимни суханрони Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
Гуфта шуд, ки дар ибтидои суханронии худ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бо маром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд». Ва чандин маротибаи дигар дар Паёми худ иброз доштанд, ки тамоми дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар маҳз тавассути меҳнату заҳмати бедареғи мардуми кишвар ва пуштибонии мардум аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат сарчашма мегирад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ