image

Машварати омӯзишӣ дар Маркази миллии тестӣ

date_range16.01.2023, 15:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye268

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзонидани таблиғгарони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар дар соли 2023 ва омодасозии онҳо барои саривақт огоҳ намудани ҷомеаи васеи шаҳрвандон, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва иптидоию миёнаи касбӣ бо тартиб ва ҷузъиёти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023 курси шиносоиро дар се давра ба нақша гирифтааст. Курси аввал бо иштироки масъулини соҳа ва намояндагони сохторҳои дахлдор ба кори худ оғоз намуд, ки он давоми 2 рӯз идома меёбад.

Ҷойи таъкид аст, ки имсол низ дар низоми имтиҳонҳо як қатор навгониҳо ворид гардидааст, ки муҳимтарини он зиёд намудани шумораи нуқтаҳои бақайдгирӣ мебошад.

Дар ҷараёни машварати нахустини омӯзишӣ, ки дар бинои Маркази миллии тестӣ баргузор шуд, намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаҳои маорифи 4 ноҳияи пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ширкат намуданд.

Мавриди зикр аст, ки курси шиносоӣ дар се сатҳ-ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкил карда мешавад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"