Мулоқоти намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Сино
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо иштироки гуруҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Сино мулоқот доир шуд.
Дар доираи нақшаи баргузории мулоқоти гуруҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлис Олӣ ин навбат дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино вохӯрии масъулин бо роҳбарият ва кормандону фаъолони ноҳияи Сино доир гардид.
Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ, шуруъ аз қисмати ҳаёти дохилӣ то муносибатҳои манфиатбори тарафайн бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки аз Паёми пешина то ин дам дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат корҳои шоёне ба сомон расонида шудаанд, ки аз далериву ҷонфидоӣ ва худшиносиву ифтихори миллии ватандорон гувоҳӣ медиҳад. Омӯзиши Паём имрӯзҳо дар тамоми сохтору муассисаҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Паёми сухани самимии Президенти кишвар ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ва наслҳои фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон мебошад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар доираи манфиатҳои миллӣ, мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, ки тавассути ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва дар симои он ба тамоми марудми Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар ҳақиқат тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани оромонҳои таърихии миллати тоҷик аст.
Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус, ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.
Маврид ба зикр аст, ки дар асоси қарори болозикр миёни корхонаҳои сатҳи шаҳрӣ ва сокинони касбу кори гуногуни ноҳияҳои шаҳри Душанбе чунин суҳбат-мулоқот вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ то санаи 31-уми январи соли равон идома меёбанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ