image

Ҳамоиши занону бонувон таҳти унвони “Паём-роҳнамои занон ба фардои нек”

date_range17.01.2023, 10:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye304

Дар толори Кумиати кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷоннок намудани фаъолияти шӯроҳои занону духтарон, баланд бардоштани ҳисси ватандустию ифтихори миллии занону ҷавондухтарон, ҷаласаи корӣ бо иштироки раисони шӯроҳои занону духтарони вазорату идораҳо ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид. Инчунин дар ҷаласа Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҶТ» шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Ҳамоиши занону бонувон таҳти унвони “Паём-роҳнамои занон ба фардои нек” бо иштироки роҳбарият, муовинон ва кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, раисони шӯрои занону бонувони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, устодону тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таълимиии “Чароғи ҳидоят”-и назди Кумита доир гардид.

Дар ҳамоиш нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди шарҳ қарор гирифта иброз гардид, ки мақоми занғмодар дар ҳар як паёми Пешвои муаззами миллат ҷойгоҳи вижаеро касб намуда, ҳамчун як маъхази сарнавишсозу раҳнамо фаъолияти минбаъдаи ҳар яки моро дар роҳи расидан ба муваффақияту дастовардҳои азим баҳри рушди иқтисодии миллӣ муаяйн менамояд.

Иштирокдорони ҳамоиш андешаҳои худро бобати дастгирӣ ёфтани мавқеи иҷтимоии занону бонувон иброз намуда, зикр доштанд, ки дар эъмори давлатдории миллӣ ва фардои дурахшони Ватани азиз минбаьд низ нақш ва саҳми боризи худро мегузоранд.

“ТВ Душанбе”