image

Фаъолияти маҳфилҳои эҷодиву ҳунарии Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар давраи таътили зимистона

date_range17.01.2023, 11:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye243

Фаъолияти марказҳои иловагии таҳсилот ва муассисаҳои эҷодиву касбомӯзии соҳаи маорифи пойтахт дар давраи таътили зимистона тақвият меёбад. Зеро хонандагон вақти холигии бештарро дар ихтиёр дошта, онро бояд бо омӯзиши машғулиятҳои иловагӣ ва азхудкунии касбу ҳунар сипарӣ намоянд. Бо ин мақсад дар Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар асоси нақшачорабиниҳо ҷалби бештари хонандагон ба маҳфилҳои илмиву эҷодӣ ва касбомӯзӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар вақти таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои эҷодиву ҳунарии Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолияти хешро хубу самаранок ба роҳ монда, таъкидҳои дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироашударо сармашқи кори худ қарор дода, барои соҳибкасб гардидани наврасону ҷавонон чораю тадбирҳои мушаххас меандешанд. Айни замон дар Маркази мазкур 43 маҳфил амал карда, 1078 нафарро дар маҳфилҳои гуногун ба монанди доираву таблакнавозӣ, овозхонӣ ва навозиши асбобҳои торӣ бо ҳам овардааст.

Ҳамаррӯза новобаста ба сардии ҳаво омӯзгорон ва роҳбарони маҳфилҳо ба шогирдон нозукиҳои ҳунарҳои интихобкардаашонро меомӯзанд. То ин ки хонандагон оянда дар мавриди интихоби касб ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ нашаванд. Зеро ҳунар чашмаи поянда ва хушкнашанаванда барои ҳар соҳибҳунар маҳсуб меёбад. Инчунин ҳунарҳои дӯзандагӣ, попурзанӣ, гулдӯзию бофандагӣ барои духтарон хеле хуб мебошанд. Ҳамчунин омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ба хусус забони англисӣ ва русӣ дар марказ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳфилҳои шашкаю шоҳмот низ дар марказ тибқи талаботи рӯз фаъолият намуда, насли наврасро ба мусобикаҳои варзишии шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода месозанд. Ҷалби наврасон ба чунин маҳифлҳо дар давраи таътили зимистона амри зарурӣ аст.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"