Мулоқоти намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Фирдавсӣ
Вобаста ба нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузории мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинон дар ноҳияҳои пойтахт идома дорад.
Ин навбат дар ноҳияи Фирдавсӣ мулоқоти намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳи бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони шаҳракҳои 23 ва 24 баргузор шуд.
Аъзои гурӯҳи таблиғотӣ бо ишора ба нуктаҳои Паёми роҳбари давлат доир ба дастовардҳои кишвар баромад намуданд. Бунёди корхонаҳои саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳои гуногун, вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар доираи нақшачорабиниҳои 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ин раванд дар заминаи 35 солагии Истиқлолияти кишвар аз ҷумлаи мавзӯҳое буданд, ки бо такя ба маълумоти дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ