Баргузории мизи мудаввар ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону муҳаққиқон мизи мудаввар доир гардид.
Дар мизи мудаввар Роҳбарият ва кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Директори Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ иштирок намуданд.
Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки дар таърихи муосири давлатдории миллати тоҷик Паёми Сарвари давлат ба сифати падидаи муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ зуҳур ёфта, дар раванди инкишоф ва ояндасози ҷомеа ва давлат нақши ба худ хосро касб намудааст. Зеро, Паём ҳамчун муроҷиатномаи расмии Роҳбари давлат ба мардуми кишвар ва ҳуҷҷати таърихию дастурамали фаросоҳавӣ, таҳлилию таҳқиқотӣ хусусияти ҳидояткунандагию уҳдадорсозандагӣ ва ҳатмӣ-иҷрошавандагиро доро мебошад. Вобаста ба сари вақт ва босифат таъмин кардани заминаҳои ҳуқуқии стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар қайд намуда, Сарвари давлат ҳамзамон таъкид намуданд, ки ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама аз парламенти кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад.
Инчунин зимни баромади дигар иштирокчиён гуфта шуд, ки воқеан Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамвора бо таҳияву тасвиби қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳоро шарти муҳим маънидод намуда, риоя нагардидани талаботи қонунро сабаби поймолшавии ҳукуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ маънидод менамоянд.
Иштирокчиён ҳамзамон дар мавзӯҳои «Паёми Президенти ҶТ ва ҳадафҳои рушди устувор», «Ҳуқуқи дастрасӣ ба интернет ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ аз бахшҳои муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллат мебошад», Нуқтаҳо аз Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ дар самти сиёсати иҷтимоӣ ва иҷтимоии давлат» ва «Манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар меҳвари Паёми Президенти ҶТ» баромад намуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ