Натиҷагирӣ аз нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат аз ҷониби КИ ҲХДТ дар н. Шоҳмансур
Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур вобаста нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҶТ ҷамъомад доир гардид.
Дар кори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шохмансур намояндагон аз Кумитаи иҷрояи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок ва суханрони намуданд.
Ҷамъомади навбатиро, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур доир гардид, роҳбарияти ҳизби ноҳия ифтитоҳ намуда, оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисии олии ҶТ маърӯза кард.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, илму маориф ва дигар соҳаҳои муҳим вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Гуфта шуд, ки сарвари давлат дар Паёми хеш аз дастоварду пашрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлкат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар як фарди ба миллат содиқу софдил ҳисобиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлати моро аз ин ҳам ободу зебо мегардонанд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ