Баррасии фаъолияти яксолаи Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамбастии фаъолияти Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2022 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини раиси Комиссия - мувони Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, аъзои комиссия, намояндагони сохторҳои дахлдори шаҳрӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими 4 ноҳияи шаҳр ва намояндагони Васоити ахбори омма ширкат намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа котиби комиссия - мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба фаъолияти комиссия баромад намуд.
Зикр шуд, ки масъулони комиссия дар ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти марбута корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳиро миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва кормандони муассисаву корхонаҳо ба роҳ мондаанд. Зимнан дар ҳамкорӣ бо комиссияҳои ҷамъиятӣ низ ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ ва дар доираи қонун гузаронидани ҷашну маросимҳо тадбирҳои судманд амалӣ шудааст. Ҳамин тавр ҳама бандаҳои нақшачорабиниҳои Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, нақшаи кори Комиссияи доимӣ барои соли 2023 тасдиқ шуд.
Ба масъулини сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои доимии шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт дастуру супоришҳои судманд пешниҳод гардид.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ