Дар ҳудуди шаҳри Душанбе корҳои ободониву хуррамгардони новобаста аз вазъи обу ҳаво вусъат меёбанд
КВД Таҷрибавии илмию истиеҳсолии "Сабзкор"-и МИҲД-и ш. Душанбе ҷиҳати назаррабо ва шукуфон гардонидани ҳар як гӯшаву канори шаҳри Душанбе корҳои сабзу хуррамгардониро вусъат бахшида, кӯшиш доранд, кӯчаву хиёбонҳоро бо гулҳои мавсимӣ зебу зиннат диҳанд.
Тавре маълум аст, корҳои сабзкорӣ вобаста ба ҳар як мавсим дар пойтахт ба роҳ монда мешавад. Аз гуфтаҳои гулпарварон бар меояд, нигоҳубин ва ба воя расонидани гулҳои парваришёфта дар ин мавсим кори басо душвор мебошад. Чун ҳар як гуле, ки дар кӯчаву хиёбонҳо шинонида мешавад, парвариш ва нигоҳубини он заҳмати зиёдеро талаб менамояд.
Дар корхонаи номбурда гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола парвариш меёбанд, ки дар мавсими пеш омада, кӯчабоғу хиёбонҳои шаҳри дилоро бо чунин гулҳои парваришёфта зебу оро медиҳанд. Дар ин мавсим кормандони корхонаи мазкур дар интихоб ва кӯчонидани гулҳои мавсимӣ машғул мебошанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар шаҳри Душанбе корҳои ободонӣ ва гулзоркунӣ дар ташкилоту муассиса ва идораҳои ш. Душанбе тақвият ёфтааст. Дар самти нигоҳдошт ва парвариши гулҳо аз ҷониби кормандон аҳамият ҷиддӣ дода мешавад. Зеро онҳо ингуна растаниҳоро, бо як меҳнату заҳмати беандоза нигоҳубин менамоянд.
Дар Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкор»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе намудҳои гулҳои ороишӣ парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ