Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат аз ҷониби ҳизбиёни ноҳияи Фирдавсӣ
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикороти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба намояндагони ҳизб ва аъзоёни кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шарҳ дода шуд.
Дар оғози ҷамъомади навбатӣ, ки оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии ҶТ дар ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид, нахуст роҳбарияти Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба сухан баромада, перомуни муҳимияту мубрамияти Паёми Пешвои миллат ибрози андеша карданд.
Таъкид доштанд, ки бевосита барои муайянсозии дурнамои рушд ва инкишофи бахшҳои гуногуни хоҷагии мамлакат дар Паёми Президенти кишвар таҳия ва қабулу татбиқи якчанд ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ ва дурнамосози давлатӣ, аз қабили як консепсия, як стратегия ва беш аз панҷ барномаи давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар идома ҳозирин аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда қайд намуданд, ки «дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид».
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ