Нақши радиои Садои Душанбе дар пур намудани фазои иттилоотии кишвар. Аз оғози фаъолияти ин расона 24 сол сипарӣ шуд
Радиои Садои Душанбе 18 январи соли 1999 таъсис ёфта, то ба имрӯз яъне муддати 24 сол мешавад бо барномаҳои мустақими худ фаъолияти назаррас дорад.
Ҳайати эҷодиву техникии радио кӯшиш менамоянд, ки бештар хабарҳои фарҳангиву сиёсӣ мавзуъҳои мубрами рӯзро фаврӣ ба мардум расонанд. Собиқадорони радиои Садои Душанбе дар рушди журналистика ва омоданамудани кадрҳои ҷавон саҳми муассир гузоштаанд. Натиҷаи заҳмати кормандони собиқи радиои Садои Душанбе буд, ки имрӯз ин шабака дар саросари олам маъруфият пайдо намуд. Дар зарфи 24 соли фаъолияти худ кормандони Радиои Садои Душанбе тавонистанд, ки дар олами журналистика мавқеи мушаххас пайдо кунанд. Фаъолияти кормандони Садои Душанбе аз ҷониби сохторҳои гуногуни давлативу ҷамьиятӣ бо ҷоиза, сипоснома ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидаанд.
Бовар дорем, ки дар оянда низ ҳайати эҷодиву техникии радиои Садои Душанбе бо пешниҳоди барномаҳои рангину ҷолиб ва хабару гузоришҳои фаврӣ дар ғанӣ гардидани ҷаҳони маънавии шунавандагон саҳм мегузоранд.
Моҳинав Хоҷаева
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ