Мулоқоти навбатии намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе бо сокинони ноҳияи Шоҳмансур
Ин навбат мулоқоти аъзои гурӯҳи таблиғотии МИҲД ш. Душанбе бо сокинони ноҳияи Шоҳмансур дар толори МТМУ №31-и ин ноҳия баргузор гардид. Аснои баромади худ масъулин таъкид доштанд, ки тайи бист соли охир ба кишвар беш аз 152 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуда, аз маблағхоии зикршудаи сармояи мустақим зиёда аз 36 миллиард сомонии он танҳо барои рушди соҳаи саноат равона гардидааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ ва боло бурдани сатҳи некӯаҳволии сокинони кишвар Пешвои миллат дар паёми худ вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро муваззаф намуданд, ки ҷиҳати ҷалби «маблағгузории сабз» барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасохтори кишвар, хусусан, лоиҳаҳои дорои аҳаммияти экологӣ ва озуқаворӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамзамон дар идомаи баромади масъулини сохторҳои шаҳрӣ, ки шомили гурӯҳи корӣ мебошанд, вобаста ба тадбирҳои андешидашуда дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат низ андешаронӣ намуда изҳор доштанд, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам оварда мешавад.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҳамчун самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум дар ин самт стратегияву барномаҳои мушаххас қабул ва мавриди амал қарор доранд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат омадааст, ки «Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 14,7 миллиард сомони дар соли 2022 расонида шуд, ки 62 фоиз зиёд аст”.
Рушди фарҳангу маориф, таваҷҷуҳ ба амнияти иттилоотӣ, пур намудани фазои иттилоотӣ тавассути зиёд намудани шумораи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузариш ба форматҳои нави пахши иттилоъ ва дастрасӣ ба тахникаву технологияҳои муосири паҳн намудани иттилоот аз ҷумлаи мавзӯҳои дигари дар ин ҷамъомад баррасӣ шуда буд. Инчунин дар рафти мулоқоти навбатӣ масъулон аз МИҲД ш. Душанбе ва сохторхои зертобеи он дигар нуктаҳои Паёми сарвари давлатро ба МО ҶТ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ