image

Мулокоти навбатии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаи Ҳабибулло Назарови н. И. Сомонӣ доир гашт

date_range19.01.2023, 11:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye172

Дар доираи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ин навбат бо иштироки гурӯҳи корӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 бо сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаи Ҳабибулло Назаров ва Корхонаи воҳиди давлатии «Манзилхизматрасонии №2»-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ намояндагони шуъбаи ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳои тандурустӣ, фарҳанг, Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе ва масъулон аз дигар сохторҳо иштирок ва суханронӣ намуданд. Аснои баромади худ масъулон изҳор доштанд, ки илм ва мориф дар саргаҳи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, қисмати бештари буҷаи мамлакат бевосита ба ин самт равона карда мешавад. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф эътибори аввалиндараҷа додани мақомоти давлатиро тақозо намуда, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, пайвастани илм бо истеҳсолотро ба унвони роҳи асосии раҳоӣ аз бунбастҳои имрӯзӣ арзёбӣ карданд. Ислоҳоти тадриҷӣ ва давра ба давраи маорифи миллӣ ва тамоми зинаҳои таҳсилот ва дар ин асос ҳалли мушкилоти мавҷуда самти стратегии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Таъкид гардид, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар чун ҳамешагӣ моҳияти созандагӣ ва барномавӣ дошта, ифодакунандаи рушди устувори кишвар мебошад. Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ дар бораи тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимои, иқтисоди, илму фарҳанг ва сиёсати дохиливу хориҷии кишвар муфассал ибрози андеша намуда, вазифаҳои минбаъдаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои як соли оянда мушаххасан баён намуданд.

Дар ҷараёни чунин вохӯриҳо бо сокинон риояи пайвастаи дурусти фарҳанги шаҳрнишинву шаҳрдорӣ, дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва иҷрои бандҳои амалкунандаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва"Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ" фаҳмонида мешавад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"