image

Мулоқоти навбатии намояндагони МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ бо кормандони МД "Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон" доир шуд

date_range19.01.2023, 12:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye231

Ташкили мулоқоту вохӯриҳои судманд доир ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаву ташкилот ва шаҳраку маҳаллаҳо идома дорад.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ мулоқоти навбатии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо кормандони Муассисаи давлатии "Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон" баргузор гардид. Дар раванди ҳамоиши маърифатӣ масъулони сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ баромад намуда, бандҳои Паёмро ба кормандон шарҳ доданд.

Гуфта шуд, ки зимни ироаи Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро таҳлил намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон ва рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа таклифу пешниҳодҳои худро баён доштанд. Ин ҳама бо рақамҳои мушаххас дар ҷараёни ин мулоқот ба кормандони ин муассисаи коммуналии ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳод гардид.

Ҷойи таъкид аст, ки дар заминаи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои судманду амалҳои ободкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми солҳои охир дар шаҳр шумораи зиёди майдончаҳои варзишӣ бунёд шудааст.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ бошад ҳоло 62 майдонча мавҷуд аст, ки маҳз ба хотири дар ҳолати хуб нигоҳ доштани иншооти мазкур Муассисаи давлатии "Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон" дар ин ноҳияи шаҳр 1 сол қабл ташкил шудааст. Кормандони муассиса дар баробари корҳои ободонӣ, ҳамзамон дар раванди чорабиниҳои сиёсиву маърифатӣ низ фаъолона ширкат менамоянд. Доир ба фаъолияти муассиса ва риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ҳам дар ҷараёни чорабинӣ андешаҳои ҷолиб пешниҳод шуд.

Дар фарҷоми мулоқот кормандони фаъоли муассиса бо ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"