Аввалин вохӯрии сармураббии нави бошгоҳи Истиқлоли ш.Душанбе бо намояндагони ВАО
Санаи 18-уми январ дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси»-и шаҳри Душанбе нишасти матбуоитии сармурабии нави бошгоҳи Истиқлоли шаҳри Душанбе Игор Черевченко сурат гирифт.
Раҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» номзадии Игор Черевченкоро ба вазифаи сармураббии даста тасдиқ карданд. Зимни нишаст миёни клуби футболи «Истиқлол» ва сармураббии нави даста Игор Черевченко шартномаи ҳамкорӣ барои давраи то охири соли 2023 ба имзо расонида шуд. Дар ҷарёни нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО доир ба кор, ҳадафу мақсадҳои дар пешистода, ҳайати даста ва трансферҳои дарпешистода суолҳои худро пешниҳод намуданд.
Игор Черевченко изҳор дошт, ки дар ҳамаи мусобиқаҳое, ки бошгоҳи Истиқлол иштирок мекунад, барои даста вазифаву масъулиятҳои муҳим дар пеш гузошта шудаанд ва барои ноил шудан ба он ин бошгоҳ тамоми саъю талоши худро ба харҷ медихад. Гуфта шуд, ки рӯзҳои наздик сармураббӣ бо ҳайати даста во хӯрда, тамринҳои аввалинро шуруъ хоҳад кард. Ҳамзамон трансферҳо ба дастаи пойтахт низ дар назар дошта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Игор Черевченко собиқ бозингари дастаи Помири шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, давоми фаъолияти сармураббигии худ дар дастаҳои Локомотиви Москва, Балтикаи Калининград, Арсенали Тула ва Химки фаъолият намудааст. Игор Черевченко бо дастаи Локомотиви Москва мавсими 2014/2015 ғолиби Ҷоми Россия оид ба футбол гардидааст. Ба Игор Геннадиевич дар “Истиқлол” дастпарвари дигари футболи тоҷик, собиқ футболбози дастаи «Помир»-и Душанбе Юрий Батуренко кӯмак хоҳад кард, ки ӯ ба ҳайси ёвари сармураббӣ дар дастаи “Истиқлол” таъин шуд. Шартнома бо Юрий Михайлович низ то охири соли равон баста шуд. Масъулони даста умед бар он доранд, ки бо ҷалби мутахассисони пуртаҷриба ба тими футболи “Истиқлол” сатҳу нуфузи даста боло рафта, футболбозони тоҷик имкони баромад кардан дар лигаҳои бонуфузи минтақавию байналмилалиро пайдо мекунанд.
Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ