image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб давоми соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда

date_range19.01.2023, 17:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye214

Зимни баргузории ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки бо иштироки муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе, аъзои Кумитаи иҷроия шаҳрии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб, кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт, фаъолони ҳизб ва як қатор вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ роҳандозӣ шуд, масъалаҳои гузориши раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳри ҳизб дар соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, тасдиқи нақша-чорабиниҳо оид ба омӯзиш ва дар амал тадбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 23-юми декабри соли 2022, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2023 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи навбатӣ нахуст, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2022 гузориш дода, қайд кард, ки дар ин давра, ҳизбиёни пойтахт таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» ҷиҳати таъмини рушди устувор ва бо мароми мамлакат, аз ҷумла муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ бо ширкати фаъолона ва иқдому ташаббусҳои худ дар ҳайёти сиёсиву иҷтимоӣ нақши арзанда гузоштаанд.

Дар идома муовини аввали Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ба сухан баромада иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои созандаи худ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои умумимилии истиқлолияту озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ гардонида истодааст.

Дар ин радиф, мавсуф доир ба дастоварду комёбӣ ва камбудиву норасоиҳои сохторҳои ҳизбии пойтахт дар соли 2022 суханрони намуда ҷиҳати таҳкиму тақвияти фаъолият дар назди кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вазифаҳои мушаххас гузошанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"