image

Мулоқоти гурӯҳи кории МИҲД шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаи 32-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

date_range20.01.2023, 09:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye216

Дар доираи ташкили мулоқоту вохӯрихои рохбарияти МИҲД шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти кишвар мулоқоти масъулин бо сокинони шаҳраки 32-и н. Сино сурат гирифт.

Дар ин чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, намояндагони МИҲД ноҳияи Сино, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва сокинону фаъолон иштирок доштанд.

Зимни суханронии худ масъулин зикр карданд, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳо соҳаи иқтисод ва нақши ҷавонон дар рушди он мавриди таваҷҷуҳ карор дошт. Сарвари давлат таъкид карданд, ки “Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Ҳамчунин Президенти мамлакат дар Паёми худ иброз доштанд, ки Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт.

Лозим ба зикр аст, ки бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакат дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ хохад кард.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"