Баргузории машварати илмӣ-назариявӣ ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Ҳамасола дар кишвар 22 январ ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар кишвар қайд карда мешавад. Ин сана ба рӯзи таъсисёбии мақомоти гумрук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут аст, ки имсол аз он санаи 31 сол пур мешавад.
Ба ин муносибат дар донишгоҳу донишкадаҳои марбута ҳамасола чорабиниҳои гуногун ташкил карда мешавад. Ба ин муносибат имсол дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон машварати илмӣ-назариявӣ зери унвони "Роҳҳои баланд бардоштани механизми самаранокӣ ва сифати хизматрасонии гумрукӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ" баргузор гардид.
Дар кори машварат олимони соҳа, роҳбарияти донишгоҳ ва намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори минтақавии он дар шаҳри Душанбе ширкат намуданд. Дар раванди кори ҳамоиш масъалаҳои муҳимми ин бахши иқтисодиёт, хосса рақамикунонии хизматрасониҳои гумрукӣ мавриди баҳсу баррасиҳои ширкатдорон қарор дода шуд.
Тавре дар чорабинӣ таъкид рафт ҳоло дар аксари сохторҳои Хадамоти гумрук, аз ҷумла дар Раёсати он дар шаҳри Душанбе аксари хизматрасониҳо ба таври электронӣ ба роҳ монда шудааст. Дигар масъалаҳои марбутаи ин бахш ҳам дар идомаи кори машварат бо пешниҳоди маърӯзаҳо таҳлил гардид.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ