image

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “БЕҲТАРИН МАВОДИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ, МАТБУОТӢ ВА РАДИОӢ ДАР БОРАИ РУШДУ ТАРАҚҚИЁТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

date_range20.01.2023, 15:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye228

Душанбе. 20.01.2023. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни “Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе” баргузор гардид. 

  Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе ҳамаи ғолибонро барои сазовор гардидан ба зинаҳои ифтихорӣ муборакбод намуда, қайд карданд, ки ҳадаф аз ташкили ин озмун пеш аз ҳама ба роҳ мондани робитаи бештар бо намояндагони ВАО-и кишвар маҳсуб меёбад. 

  Озмун “Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе”, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2022, №715 тасдиқ гардида, бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои шаҳри Душанбе, ҳамкории густурда ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи васоити ахбори омма баргузор карда шуд.

   Ҳамин тариқ, аз рӯи номинатсияи беҳтарин маводи телевизионӣ Исматулло Азизов ҷойи якум, Шоҳрух Носирзода ҷойи дуюм ва Умедҷон Мирализод ҷойи сеюм, номинатсияи беҳтарин маводи матбуотӣ Шариф Ҳусайнов сазовори ҷойи якум, Ҳақназар Каримзода ҷойи дуюм ва Шодихони Назар ҷойи сеюм ва номинатсияи беҳтарин маводи радиоӣ Гулнора Насриддинова сазовори ҷойи якум, Мамлакат Табарова ҷойи дуюм ва Давронзод Нигина ҷойи сеюмро дар озмуни беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо сазовор гардиданд.