Шарҳи бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе
Дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маҳфили "Маърифати ватандӯстӣ" ташкил шудааст. Дар раванди баргузории маҳфили аввалин бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону сиёсатшиносон, роҳбарияти Раёсат ва ҳайати шахсии он нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуд.
Зимни баромади худ ширкатдорон доир ба самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди фарҳангу маънавиёт, ташаккули низоми қонунгузорӣ, тақвияти фаъолияти бахшҳои гуногун дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ, зиёдшавии маош ва нафақа, инчунин беҳсозии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ андешаҳои худро бо такя ба бандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.
Тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани худшиносии шаҳрвандон ҳам аз ҷумлаи масъалаҳои баррасишуда дар раванди ҳамоиши навбатии кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Дар ин раванд доир ба хизмати шабонарӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷоннисориву ҷонфидоии онҳо зимни адои масъулияти хизматӣ ва омилҳои дигари ин самт ширкатдорон баромад намуданд.
Ҳаминтавр шумораи аввали маҳфили "Маърифати ватандӯстӣ"-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ ва бо ширкати донишмандону коршиносони варзида гузаронида шуд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ